Тоҷикистону Қирғизистон равобити фарҳангиро баррасӣ карданд

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо сафири Қирғизистон дар Душанбе таҳкими муносибатҳои фарҳангии байни ду кишварро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Дар Душанбе дидору мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо сафири Қирғизистон дар Душанбе Эрлан Абдилдаев сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур ҳайати намояндагони Сафорати Қирғизистон низ ҳузур дошт.
Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои таҳкими муносибатҳои фарҳангии байни ду кишвар, ҳамкориҳои фарҳангӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
“Ҷонибҳо эҷоди ҳамкориҳои фарҳангиро омили тақвияти минбаъдаи равобити дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаи байни давлатҳо арзёбӣ карданд”, - хабар додааст вазорати фарҳанг.
Таъкиди Раҳмону Ҷабборов ба музокирот дар масоили марзӣ
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон зимни мулоқот дар шаҳри Бишкек омодагияшонро барои музокироти кушод дар ҳамаи масоили дуҷониба баён доштаанд.