ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода хоҳад шуд.
Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.
Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон аз мардуми давлати ҳамсояи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳукумати кишвар ният дорад ба мардуми зарардидаи Афғонистон аз зилзилаи харобиовари ахир дар Ҳирот маводи ниёзи аввал ирсол намояд.
Ба иттилои манбаъ, ҳукумати кишвар ният дорад ба он ҷо маводи ниёзи аввалро ирсол намояд.