ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомот вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ гардид.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси қарори мазкур, дар пойтахт баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар ин рӯз мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши китобҳои Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати кишварро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" баррасӣ ва қабул карданд.
Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҷлил мегардад.