ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин ба вилояти Бурсаи Туркия сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ноҳия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, максад аз сафар шинос шудан бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Туркия ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами ин кишвар аст.
Зимни мулоқот бо раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Бурса имконоти ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, инчунин омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд.
Меҳмонони тоҷик дар давоми рӯз корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти консерва ва яхдон, дӯхтани либосҳои бачагона ва матоҳои гуногунро тамошо карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯби намоишгоҳи байналмилалӣ дар Туркия ғурфаи бахшида ба фарҳанги Тоҷикистон боз шуд. Меҳмонон метавонанд таърихи тоҷиконро дар ин ғурфа беҳтар омӯзанд, инчунин бо зиндагӣ ва анъанаҳои кишвар шинос шаванд.