Душанбе ҳамла ба беморхонаи Фаластинро маҳкум кард

Душанбеи расмӣ ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ дар Шарқи наздик даъват карда, хушунатро маҳкум намудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластинро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум кард.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасалият ва ба захмиён шифои комил хоста, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум кардааст.
Душанбе ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват кард.
Лукашенко: Ғарб найзаи низоъ дар Шарқи Наздикро сӯи Эрон гардондааст
Маврид ба зикр аст, ки ҳамла ба бемористони Ал-Аҳлӣ дар навори Ғазза рӯзи 17 октябр рух дод. Вазорати тандурустии Ғазза гуфтааст, ки дар ин ҳодиса беш аз 500 нафар кушта шудаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон буданд.
Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар ин ҳамла муттаҳам карданд ва Фаластин гуфт, ки ҳамла аз ҷониби ҳавопаймоҳои исроилӣ анҷом дода шудааст ва Исроил гуфтааст, ки бемористон бо мушаки иштибоҳан партобшуда аз ҷониби гурӯҳи Ҷиҳоди Исломии Фаластин тахриб гардид.
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия ин амалро маҳкум карда, ҷонибҳоро ба худдорӣ аз хушунат даъват намуд.