Оштиёнӣ дар Душанбе: вазири дифои Эрон бо роҳбарияти Тоҷикистон музокирот мекунад

Вазири мудофиаи Эрон дар садри як ҳайати баландпояи низомӣ ба Тоҷикистон омада, мулоқоташ бо ҳамтои тоҷик ва президенти кишвари мизбон дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Вазири дифои Эрон, генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ бо роҳбарияти Тоҷикистон музокирот анҷом хоҳад дод.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Оштиёниро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо ва дигар мақомдорон истиқбол гирифтанд.
Манбаъ афзуд, ки дар доираи сафар мулоқоти вазирони мудофиаи ду кишвар, баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаи дифоъ ва шеваи иҷрои тавофуқоти марбута дар назар аст.
Интизор меравад, ки генерал Оштиёнӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот кунад.
Кобулов: Эрон ҷойи Амрикоро дар тройкаи тавсеаёфта барои Афғонистон гирифтааст
Қобили зикр аст, ки вазирони дифои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Деҳлӣ дидору гуфтугӯ доштанд.
Дар он дидор Оштиёнӣ таъкид карда буд, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон бар пояи бародарӣ, хешутаборӣ ва хунӣ равобити пойдор ва доимӣ хоҳад буд.
Вазири дифои Эрон бо ишора ба табдили минтақаи Осиёи Марказӣ ба як макони бархӯрд ва гоҳе бархӯрд ва рақобати геополитикии кишварҳои минтақаӣ ва беруназминтақаӣ, ҳамкориҳои Душанбею Теҳронро ба суди суботи минтақа хонда буд.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот, амният ва тамомияти арзии Тоҷикистон буд ва ин сиёсатро хоҳад дод.