Осиёи Миёна барои манотиқи лалмӣ аз Русия нуриҳои махсус мегирад

Хосияти нуриҳои дар об ҳалшаванда барои иқлими гарм ва хушк, ки дар минтақа афзоиш меёбад, хеле мувофиқ аст, гуфт ширкати холдинги PhosAgro Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Холдинги "ФосАгро"-и Русия ба таъмини аммофоси дар об ҳалшаванда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ширкат хабар дода, афзудааст, ки фосфати моноаммоний (МАП) метавонад дар ҳама гуна системаҳои обёрӣ истифода шавад.
Қайд карда мешавад, ки омезиши фосфати моноаммоний бо нуриҳои минералӣ ба деҳқонон имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқро зиёд намуда, захираҳои обро хеле сарфа кунанд.
Ҳамин тариқ, интиқоли аввалин баста ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон оғоз шудааст.
Тоҷикистон аз Чин барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошин ва нуриҳо садҳо миллион $ мегирад
"Фосфати моноаммони дар об ҳалшаванда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад", - шарҳ дод ширкат.
"ФосАгро" изҳор дошт, ки ин навъи нуриҳо барои иқлими гарм ва хушк мувофиқ аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки ширкати белорусии “Гомселмаш”, ки ба тавлиди техникаи кишоварзӣ машғул аст, дар соли 2024 ба Тоҷикистон як гурӯҳи комбайнҳои ғалладарав ворид мекунад.
Бояд гуфт, ки Беларус чанд сол боз бо ширкати "Агротехсервис"-и Тоҷикистон ҳамкории зич дорад, то деҳқонони ҷумҳуриро бо техникаи ҳосилғундорӣ ва ғалладона таъмин намояд.