Мунтахаби Тоҷикистон барандаи "Ҷоми Мердека-2023" шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар меҳмонӣ тими мунтахаби Малайзияро шикаст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар бозии ниҳоӣ барои "Ҷоми Мердека-2023" тими мунтахаби Тоҷикистон бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, голҳоро Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонданд. Дар марҳилаи қаблии ин мусобиқа дастаи Тоҷикистон тими Ҳиндустонро шикаст дода буд.
Маврид ба зикр аст, ки ба ин мусобиқаи байналмилалӣ мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт бо бархе аз бозигарони нав рафт. Гуруҳе аз бозигарони тими "Истиқлол" ба далели омодагиҳо ба мусобиқаи дигар натавонистанд, ба Малайзия раванд.
Ҷанҷоли Рустаму Роналду: дарвозабони тоҷик танишу оштияш бо Криштиануро шарҳ дод
Дар феҳрасти чаҳоргонаи ҷадиди мунтахаби миллӣ аз ҷумла дарвозабон Сӯҳробхуҷа Юсупов аз тими КМВА, ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов аз дастаи "Хуҷанд", нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев аз тими "Тюмен"-и Русия ва Алишер Шукуров аз дастаи "Куктош" буданд. .
Инчунин ҳимоятгарони дастаи мунтахаби наврасони то 17-сола, Диловар Ҷамшедзода ва Баракатулло Нигматуллозода, ки дар "Барқчӣ"-и Ҳисор бозӣ менамоянд, ба мунтахаби миллии Тоҷикистон ворид шуданд.