ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе даъват карда шудаст.
Қарор дар ин борарро раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба имзо расондааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, дар ҷаласа баррасии як қатор қонунҳо дар назар мебошад.
Интизор меравад, ки аъзои палатаи болоӣ иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намоянд.
Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масоили дигаре мебошад, ки интизор меравад, дар ҷаласаи оянда тасвиб гардад.
Аъзои Маҷлиси миллӣ инчунин қонун "Дар бораи занбӯриасалпарварӣ"-ро ба тасвиб мерасонанд.
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурииТоҷикистон, ба қонун дар бораи маориф ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони кишвар низ баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар назар аст, ки бо қарори аъзои Маҷлиси миллӣ номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ иваз карда шавад.