ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, дар ҷараёни сафар ба Арабистони Саудӣ маҷбур шуд, ки тамоми шаб интизор шавад то бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар мулоқот намояд, хабар медиҳад “Washington Post”.
"Дар Риёз ҳокими Саудӣ Блинкенро маҷбур сохт барои мулоқоте, ки бояд шом (шанбе) баргузор мешуд, чанд соат мунтазир шавад, аммо шоҳзода то субҳи дигар ҳозир нашуд", - менависад рӯзнома.
Блинкен дар ҷараёни сафари худ ба Ховари Миёна бо бин Салмон, ки ба таври муассир кишварро идора мекунад, дар ҳоле мулоқот кард, ки авҷ гирифтани низоъ миёни Фаластин ва Исроил давом дорад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 7 октябр ба манотиқи таҳти ишғоли Исроил аз навори Ғазза мушакҳо партоб карда шуд.
Ҳамин тариқ, ҷунбиши "Ҳамос"-и Фаластин амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард.
Бар асоси охирин маълумот, шумори қурбониён дар навори Ғазза аз 2 ҳазор нафар гузаштааст. Исроил аз марги беш аз ҳазорҳо хабар дод. Аз ҳарду ҷониб чанд ҳазор нафар шаҳрвандон низ маҷрӯҳ шуданд.