ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазири дифои Эрон, генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора хабаргузории эронии Tasnim иттилоъ дода, афзуд, ки генерали баландпоя бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мегардад.
Дар мавриди замони сафар иттилоъ дода шудааст, ки Муҳаммадризо Оштиёнӣ 17 октябри соли 2023 вориди пойтахти Тоҷикистон мешавад.
"Вазири дифоъ ва таъминоти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ дар раъси як ҳайъати воломақом озими Тоҷикистон мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар заминаи амният ва дифоъро баррасӣ кунанд.
Илова бар ин, дар натиҷаи музокирот Эрон ва Тоҷикистон қарордодҳои дифоъӣ хоҳанд кард. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳоро идома медиҳанд.
Тоҷикистон ҳамкориҳои низомиро бо кишварҳои минтақа тақвият мебахшад. Қаблан вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо дар садри як ҳайати баландпоя дар Покистон қарор дошта, ҳайати покистониро низ дар Душанбе қабул кард.