ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Идораи Стандарти миллии Афғонистон мегуяд, ки беш аз 170 тонна сӯзишвории дизелӣ, ки аз кишвари ӯзбекистон ворид шуда буд, баъд аз санҷиш “бекайфият” дониста шуд.
“Сӯзишвории бекайфият, ки қаблан ворид шуда буд ва пас аз баррасии сӯзишвории воридотӣ, 172 тоннаи он “бекайфият” ташхис шуда ва ба кишвари Ӯзбекистон мустарад шудааст”, - таъкид кардааст ин Идора.
Ин Идора ҳамчунин таъкид кардааст, ки пеш аз ин низ дар ҷараёни моҳи ҷорӣ беш аз 100 тонна сӯзишвори бекайфиятро ба кишвари Ӯзбекистон бозгардондааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати савдо ва саноати кАфғонистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters хабар дода буд, ки Маскав ба фурӯши бензин, сӯзишвории дизелӣ, газ ва гандум ба Кобул шурӯъ мекунад.
Тибқи шартномаҳои пешакии иқтисодӣ, Маскав ҳамасола 1 миллион тонна маволди дизелӣ, 500 ҳазор тонна гази моеъ ва 2 миллион тонна гандум содир хоҳад кард.
Мӯҳлати созишнома ниҳоӣ нашудааст, вале баъд аз давраи озмоишӣ кишварҳо метавонанд як созишномаи дарозмуддатро ба имзо расонанд.
* - созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.