ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон се додрасро аз мақомашон озод кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сабаби озод шудани судяҳо аз мақоми ишғолнамудаашон расидан ба синни ниҳоии кор дар вазифаи додрас мебошад.
Бар асоси фармон, аз ҷумла Исмоил Раҳматзода аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Суғд озод шуд.
Ҳамчунин Усмонзода Одилбой Очилбой аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Усмонзода Шоғуфрон аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод гардиданд.
Дар Тоҷикистон додрасҳо ба вазифа бо фармони президенти кишвар таъйину барканор мегарданд.
Ҳолатҳое ҷой доранд, ки додрасҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба далели даст задан ба фасодкорӣ аз мақомашон барканор карда мешавад.
Пештар президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо додрасҳои навтаъйин аз онҳо баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат талаб кардааст.