ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Толибон* иқдомоти мақомоти исроилӣ алайҳи фаластиниҳоро "ҷинояти ҷангӣ" хонд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Толибон* бомбаборон ва таҳримҳои Исроил алайҳи мардуми навори Ғазза дар Фаластинро "ваҳшиёна" хондаанд.
Дар баёнияе, ки тавассути Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи расмии ҳукумати феълӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, омадааст: "Аморати исломӣ ( тавре, ки толибон худро меноманд) ин ҷинояти бузурги инсониро ба шадидтарин ваҷҳ маҳкӯм мекунад".
Дар ин баёния омадааст, ки талош барои оворагии иҷборӣ беш аз 1,2 млн фаластинӣ аз шимоли навори Ғазза ва илҳоқи барномарезишудаи сарзаминҳои фаластинӣ ҷиноят ҷангӣ аст мавзеи нокоромади ниҳодҳои байналмилалӣ дар ин замина нишондиҳандаи шикасти бесобиқаи назми байналмилалӣ кунунӣ аст.
Толибон* аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вижаи кишварҳои исломӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ хост то ҳар чӣ зудтари масаълаи Фаластинро ҳал кунанд ва ба иқдомоти ваҳшиёнаи Исроил поён диҳанд.
"Дар ғайри ин сурат, масъулияти ин фоҷеъаи инсонӣ бар дӯши ҳама ва бар дӯши ҷаҳон хоҳад буд", - таъкид кардааст намояндаи Толибон*.
Толибон* — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ аст.