Намояндагони сафорати Русия дар шаҳри Норак масъалаи ҷалби муҳоҷиронро баррасӣ намуданд

Намояндагони сафорати Русия бо сокинони Норак механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Ахиран дар қасри фарҳанги шаҳри Норак вохӯрии намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо аҳолии ин шаҳрак баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Норак.
Хабар дода шудааст, ки дар вохӯри муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода, Головкин Алексей, мудири консулгарии Сафорати Русия дар Тоҷикистон, Егоров Алексей, роҳбари намояндагии ВКД Русия, Петров Димитрий, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, Кожин Вадим, сармутахассиси эксперти ҳамкории Русия дар Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯри дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Русия суханрони карда шуд.
Намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар вилояти Хатлон кай боз мешавад?
Ҳамзамон дар ин дидор намояндагони ҳукумати Русия дар бораи механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия табодули афкор сурат гирифт.