Душанбе миёни пойтахтҳои кишварҳои пасошӯравӣ бо гулҳои рангоранг ва дарахтони сарсабз машҳур аст.
Соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон бештар аз 14 млн адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шуданд.
Миёни гулҳо лолаи сурх ва садбарги сафед бартарӣ доранд.
Бояд гуфт, ки барои таъмин намудани кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо давоми 6 моҳи соли 2023 ба миқдори 1,6 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ корида шудааст.
Меҳмонон ва сокинони шаҳр аз тамошои гулҳои баҳорӣ ҳаловат мебаранд.
Беҳуда нест, ик дар чунин фасли зебои баҳор дар душанбе озмуни "Сайри гули лола" ҷараён дорад