ДУШАНБЕ, 14 окт— Sputnik. Хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Левакант дурнамои солонаи ҷамъоварии пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023 ба кулли пахтакорони Левакант барои сари вақт ва барзиёд иҷро кардани ҷамъоварии пахта изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти шаҳр Сипосномаи Мақомоти вилояти Хатлонро супорид.
Имсола майдони кишти пунбадона дар Левакант 1030 гектарро ташкил дода, дурнамои ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” беш аз 100 фоиз таъмин гардид.
Ба нуқтаҳои қабул аз тарафи кишоварзони Левакант 2426 тонна (дурнамо - 2410 тонна) пахта супорида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки то 10 октябр инчунин Ҷамоатҳои деҳоти “Ориён”-и ноҳияи Кӯшониён, “Нури Вахш” ва “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Дӯстӣ, “Заркамар”-и ноҳияи Қубодиён аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта мужда додаанд.