Дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" Эмомалӣ Раҳмонро раиси девони вазирони Қирғизистон Акилбек Жапаров истиқбол гирифт.
Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Бишкек бо нону намак ва горди фахрӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури кишвар барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қирғизистон сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.