Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ - видео

Сарони кишварҳои уви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бишкек ҷамъ омадаанд, то масоили мубрами ҳамкориҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ кунанд
Sputnik
Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар доираи маҳдуд – бо ширкати танҳо раҳбарон ва ҳамчунин дар ҳайати васеъ – бо иштироки мақомдорони кишварҳои узв баргузор мешавад.
Дар ин чорабинӣ президентҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон ширкат доранд.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков таъкид кард, ки дар мулоқот ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
"Савдои хориҷии Русия бо кишварҳои ИДМ дар охири соли 2022 нисбат ба соли пешӣ 6% афзуда, 101,7 млрд долларро ташкил дод", - гуфт ӯ.
Мақомдори Русия афзуд, ки дар моҳҳои январ-июли соли 2023 раванди мусбат идома ёфта, ҳаҷми муомилот беш аз 4% афзуда, ба 57,4 млрд доллар расид.
Путин: кор бо Тоҷикистон тибқи нақша пеш рафта истодааст
Илова бар ин, дар назар аст, ки дар нишаст масъалаи амният дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шавад.
Тасмим аст, ки барои таҳкими ҳамоҳангсозӣ дар бахшҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва коррупсия қарорҳо қабул карда шаванд.