ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки ихроҷи маъмурии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия афзудааст.
Мақомот бори дигар ба муҳоҷирон хабар додааст, ки Қарори Ҳукумати Русия "Дар бораи тасдиқи Рӯйхати ҳудудҳои танзимшавандаи Русия барои сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ" мавриди амал қарор дорад.
Мақомот шарҳ дод, ки мутобиқи Қарори мазкур, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба минтақаҳои мазкур, бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат, ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, инчунин ҷалб ба фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди ин минтақаҳо аз ҷониби ташкилотҳои қабулкунанда дар мувофиқа бо мақомоти амнияти Русия дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилотҳои қабулкунанда сурат мегирад.
Қайд карда шудааст, ки ташкилотҳои қабулкунанда, ин мақомоти идоракунии давлатии Русия ва ҷумҳуриҳои ин кишвар, мақомоти ҳокимияти иҷроияи минтақаҳо, вилоятҳо, ташкилотҳои мухтор, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳо, корпорасияҳо, концернҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд.
Мақомот таъкид кардааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудудҳои танзимшаванда қарор дошта, иҷозати дахлдор надоранд ва низоми муқаррарнамудаи будубош дар Россияро вайрон мекунанд, мутобиқи қавонини ин кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
“Муҳоҷирон дар ҳаҷми аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима ва бо ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия татбиқ мегардад”, - қайд кард намояндагӣ.
Мақомот ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки талаботи қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.