ДУШАНБЕ, 12 окт— Sputnik Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” хабаре, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъи обрасонӣ дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт нашр шуда буд, дар саҳифаҳи расмиаш дар шабакаи иҷтимоӣ қатъиян рад кардааст.
Масъулини ин корхона аз сокинон хоҳиш кардаасн ба хабару овозаҳои, ки асос надоранд бовар накунанд.
“Дирӯз дар яке аз шабакаҳои русии иттилотии кишвар хабари бардурӯғ оид ба қатъ гардидани оби ошомиданӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе пахш карда шудааст, ки асоси воқеӣ надорад”, - қайд кардааст масъулини ин ширкатю
Ин корхона таъкид кардааст, ки обрасонӣ дар шаҳри Душанбе қатъ намегардад.
Таъкид карда шудааст, ки хабар дар бораи қатъ гардидани оби ошомиданиро КВД “Обу корези Душанбе” танҳо бо мувофиқа бо шаҳрдорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои иттилоотӣ паҳн менамояд.
Масъулини ин корхона аз шаҳрвандонихоҳиш кардааст, ба ин овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.
Қайд карда шудааст, ки дар сурати дидини чунин эълон ба телефонҳои корхона занг зананд то маълумоти дурусту саҳеҳ бигиранд.
“Шабакаҳое, ки аз пеши худ чунин эълонро паҳн менамоянд, бояд аз манбаъаи муътамад нахуст огаҳӣ ёбанд, пасон онро расонаӣ кунанд”, -зикр кардаанд масъулини КВД “Обу корези Душанбе”.