Дар шаҳри Маскав бо дастгирии Россотрудничество барномаи бузурги консертӣ - Фестивали XIV байналмилалии хайрияи ""Асои сафед".
Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Нилуфар Азизова намояндагӣ кард. Ӯ хонандаи синфи 10 - умилитсейи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе мебошад.
Дар фестивал Нилуфар ҳамроҳ бо ситораи попи Русия Алсу суруди "Хоби зимистон" сароид. ки писанди ҳамагон шуд.
Ҳунари волои Нилуфарро Ҳунарманди халқӣ Диана Гуртская ситоиш намуд.
Мураббии ӯ Таҳмина Рамазонова изҳори боварӣ намуд, ки суруди "Хоби зимистон" дар иҷрои Нилуфар ва Алсу дар ин консерт ҷолибтарин буд.
Барои сарояндаи ҷавони тоҷик фестивали мазкур ва сайри Маскав бисёр писан омад. Ӯ бо овозхонҳои бисёр ба мисли Сосо Павлиашвили, Анита Сой, Дмитрий Колдун шиносоӣ пайдо кард.
Ба намояндаи Тоҷикистон медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Бояд гуфт дар фестивали мазкур беш аз 70 нафар аз кишварҳои гуногун иштирок доштанд