Тоҷикистону Озарбойҷон густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар густариши ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар шаҳри Боку дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Озарбойҷон иброз доштанд.
Дар Боку Эрону Тоҷикистон масоили минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд
“Дар ин замина зарурати истифодаи имкониятҳои фаррох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таъкид карда шуд”, - қайд кард манбаъ.
Ҳамзамон, дар ин мулоқот тарафҳо атрофи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сарвазирони Тоҷикистону Озарбойҷон, Қоҳир Расулзода ва Алӣ Асадов дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Душанбе ва Боку имконоти ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва иртибототро бузург арзёбӣ мекунанд.