ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ феълан 24 153 метри мукааб маводи зиддилағжиш ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 14 ҳазор литер сӯзишвории дизелӣ, 55 тон ангишт ва 237 метри мукааб ҳезум барои зимистонигузаронӣ захира шудааст.
Ҳамчунин барои нигоҳ доштани ҳолати хуби роҳҳои автомобилгард, ҳоло 455 техника дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Барои пурра омода шудан ба тирамоҳу зимистонгузаронӣ дар иншоотҳои энергетикӣ корҳои таъмиру барқароркунӣ сурат гирифта, ҳамчунин ба бинову иншоотҳоро ба шабакаҳои гармидиҳӣ васл намуданд.
Барои паси сар кардани тирамоҳ ва зимстон дар ҷумҳурӣ ҳоло беш аз 46 ҳазор тон орд, 17 677 тон равған, биринҷ 17 135 тон, шакар 13 810 тон, картошка 44 356 тон, пиёз 25 451 тон захира нигоҳ дошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки маълумоти оморӣ то 1 сентябр буда, ҷараёни захираи озуқаворӣ ва маводи сӯхт тибқи нақша то 1 ноябр пешбинӣ гардидааст.