Суғд бурду бохти саноаташро дар 9 моҳ эълон дошт

Рушди саноат дар шимоли Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали соли равон қариби 8% зиёд шуда, беш аз 200 корхонаю коргоҳи нав ифтитоҳ гардидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба зиёда аз 18 млрд сомонӣ расонда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,5% зиёд мебошад.
Ин нуктаро зимни ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳ, муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо баён дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида буд, ки барзиёд иҷро гардид.
Рустами Эмомалӣ хостори пурра ба мошинҳои барқӣ гузаштани ширкатҳои мусофирбарӣ шуд
Аз ҷумла дар давоми 9 моҳи соли равон 217 корхонаву коргоҳи нав бо зиёда аз 2 ҳазор йойи нави корӣ, ба фаъолият шуруъ намуданд, гуфт дафтари матбуот.
Манбаъ ҳамчунин номгӯи бархе аз маҳсулоти саноатӣ ва ҳаҷми тавлидоти онро низ зикр намудаст.
Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023-юм 982 ҳазор тонна семент ва 1,1 млн тонна ангишт истеҳсол шудаст, афзуд манбаъ.
Ҳамчунин дар вилоят таносуби истеҳсоли орд дар нуҳмоҳа нисбати ҳамин давраи соли гузашта 121%, равғани растанӣ 96%, нон ва маҳсулоти нонӣ 85%, консерваҳо қариб 1234% ва нӯшокиҳои беспирт қариби 132%-ро ташкил додаст.