Расонаҳо: артиши Исроил вориди шаҳри Наблуси Фаластин шуд

Артиши Исроил дар минтақаи соҳили рӯди Урдун ба амалиёт гузаштанд. Дар байни аъзоёни ҳаракати Фаластин ва қувваҳои бехатарии Исроил задухӯрд шурӯъ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Нерӯҳои исроилӣ дар ҳоле вазъи шадид дар атрофи навори Ғазза вориди шаҳри Наблус гардиданд ва он ҷо ҳоло даргириҳо идома доранд, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба сомонаи фаластинииQuds.
"Қӯшунҳои Исроил ба шаҳри Наблус даромаданд... Задухӯрди мусаллаҳона ба амал меояд", — гуфта мешавад дар хабар.
Шаҳри Наблус дар соҳили ғарбии рӯди Урдун, тақрибан сад километр дуртар аз навори Ғазза ҷойгир аст.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд.
Ҳамос иддао кард, ки садҳо сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Лавров: Русия Исроилу Фаластинро ба оташбас даъват мекунад
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.