Посухи Пушков ба суханони генерали амрикоӣ Милли дар бораи ҷанг бо Русия

Ин изҳорот эҳсосоти доираҳои ҳокими ИМА-ро инъикос мекунад, ки новобаста аз тағйири қудрат дар Кохи Сафед боқӣ хоҳанд монд, бовар дорад сенатор
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Суханони генерали амрикоӣ Марк Миллӣ дар бораи муноқишаи эҳтимолӣ миёни ИМА ва Русия бояд ҷиддӣ гирифта шаванд.
Ин нуктаро сенатор Алексей Пушков дар саҳифааш дар Telegram баён доштаст.
"Ин изҳорот эҳсосоти доираҳои ҳокими ИМА-ро инъикос мекунад, ки новобаста аз тағйири қудрат дар Кохи Сафед боқӣ хоҳанд монд", - гуфт ӯ.
Милли қаблан изҳор дошта буд, ки эҳтимоли ҷанг бо Русия дар сурати пирӯзияш дар Украина дар давоми даҳсолаҳои наздик афзоиш хоҳад ёфт.
Пушков дар ин робита изҳор доштааст, ки дар зим эҳтимоли ин низ, ки ИМА барои даргирӣ бо Русия фурсат нахоҳад дошт, зиёд мешавад.
"Зеро бисёре аз номзадҳо ба курсии президентии ИМА на Русия, балки Чинро душмани аслии кишварашон медонанд", - гуфт ӯ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев гуфт, силоҳи дода ба Киев то Исроил расид
Вай илова намудаст, чолишҳои зиёде, ки пеши ИМА истодаанду якаҳукмронияшро дар ҷаҳон зери суол бурда истодаанд, эҳтимоли бархӯрди бевоситаи Вашингтон ва Маскавро коҳиш медиҳад.
Ба ақидаи Пушков, муноқиша бо Русия, як қудрати ҳастаии пешсаф, ИМА-ро дар баробари ин чолишҳо қувват намебахшад, балки заиф мекунад.
Зикр гардид, ки феълан дар ҷаҳон аллакай се бӯҳрон - Ховари Миёна, Украина ва эҳтимолан Шарқи Дур вуҷуд доранд.