Пирӯзии футзалбозони тоҷик бар тими Фаластин

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2024 то ҳол ду пирӯзӣ ба даст оварда, ба дарвозаи ҳарифон 12 гол ворид намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи "Е" бар тими Фаластин бо ҳисоби 6:1 пирӯз шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик Баҳодур Хоҷаев, Муҳаммадҷон Шарифов, Файзалӣ Сардоров ва Самандар Ризомов гол заданд. Футзалбозони Фаластин ба дарвозаи худ ду голи дигар заданд.
Макони Бозиҳои нави Осиё маълум шуд
Беҳтарин футзалбози сабқати тимҳои Тоҷикистону Фаластин Файзалӣл Сардоров дониста шудааст.
Ин дуюмин пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи "Е" мебошад. Қаблан футзалбозони тоҷик ҳарифони худ аз Ҳиндустонро бо ҳисоби 6:3 шикаст дода буданд.
Голҳоро ба дарвозаи тими Ҳиндустон Файзали Сардоров, Идрис Ёров, Умед Қузиев и Мухаммаҷон Шарипов ворид карда буданд.
Бозии навбатии тими Тоҷикистон барои роҳхат ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё бо Мянмор дар назар аст, ки 11 октябр баргузор мешавад. Бозиҳои тими Тоҷикистон соати 19:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе сурат мегиранд.