Мунтахаби Тоҷикистон бо бозигарони нав ба Малайзия рафт

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол дар ҳайати 23 бозигар, ки бархеяшон тоза ба даста роҳ ёфтанд, озими Малайзия гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Мердека-2023" иштирок мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аллакай тим барои иштирок дар ин мусобиқа дар Малайзия қарор дорад.
Ситоди мурабиён ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро интихоб кардаанд.
Дар миёни ҳайати тим 4 бозигари мунтахаби олимпии мамлакат (U-23) бори нахуст ба мунтахаб даъват шудаанд.
Пирӯзии футзалбозони тоҷик бар тими Фаластин
Дар феҳрасти чаҳоргонаи ҷадид аз ҷумла дарвозабон Сӯҳробхуҷа Юсупов аз тими КМВА, ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов аз дастаи "Хуҷанд", нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев аз тими "Тюмен"-и Русия ва Алишер Шукуров аз дастаи "Куктош" мебошанд.
Инчунин ҳимоятгарони дастаи мунтахаби наврасони то 17-сола, Диловар Ҷамшедзода ва Баракатулло Нигматуллозода, ки дар "Барқчӣ"-и Ҳисор бозӣ менамоянд, ба мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват гардидаанд.
Бисёре аз бозигарони тими мунтахаб, ки дар дастаи "Истиқлол" бозӣ мекунанд, натавонистаанд ба Малайзия раванд, чун тими Душанбе ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 омодагӣ дорад.
Дар мусобиқаи "Ҷоми Мердека-2023" дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо тими миллии Фаластин бозӣ менамояд. Дар рақобати дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Ҳиндустон вомехӯранд ва ғолибони ин давр 17 октябр бо ҳам зӯр меозмоянд.