ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар бораи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин намоишгоҳи байналмилалӣ аз 12 то 14 октябр дар пойтахт - шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Қайд карда шудааст, ки дар намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоиши "TajBUILD-2023" беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.
“Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ мегардад, ки метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад.