Дар Боку Эрону Тоҷикистон масоили минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Боку ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар шаҳри Боку дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Меҳдӣ Сафарӣ сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи масъалаҳои дигари рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Раҳмон ва Раисӣ содда гардонидани рафтуомади мардумони ду кишварро зарур донистанд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот карда буд.
Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ду роҳба аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду давлат, афзоиши парвозҳо ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду мамлакатро зарур шумурданд.