Тоҷикистониён дар низои Ғазза ва Исроил осеб дидаанд: Шарҳи ВУХ

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон қайд кард, ки миёни кушта ва захмиён дар низои Ғазза ва Исроил шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Айни ҳол миёни захмиён ва кушташудаҳо дар низоъи ахир миёни ҷангҷӯёни Ҳамос ва артиши Исроил шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод.
Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои кумак муроҷиат накардаанд.
Чанд пеш Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон вазъи Ховари Миёнаро шарҳ дод.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостори қатъи фаврии хушунат ва оғози муколама барои ба эътидол овардани вазъро даъват намуд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон вазъи Ховари Миёнаро шарҳ дод
Қайд мешавад, ки амалкардҳо дар Исроил, Навори Ғазза ва Миср боиси талафоти зиёди мардуми осоишта мешаванд.
Инфрасохтори манзилӣ ва иҷтимоӣ низ хароб мешавад, изҳор дошт Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
"Ин дар Тоҷикистон бо нигаронии зиёд қабул карда мешавад", - таъкид карданд дар вазорат.
Илова бар ин, шуъбаи сиёсати берунии Тоҷикистон кирдорҳои таҷовузкоронаро қатъиян маҳкум мекунад.
фавран ба хушунат хотима бахшанд ва барои ба эътидол овардани вазъ ба муколама шурӯъ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард.
Украина ё Афғонистон: Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо ба даст овард?
Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.