ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд болоравии нархи гази моеъ идома дорад.
Дар тоблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд ҳоло 1 литр гази моеъ бо нархи 6,60-6,70 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Гуфта мешавад, ки як рӯз пеш ин қимат аз 6,20 то 6,30 сомонӣ буд.
Болоравии арзиши як намуди маводи сӯхт, бо тағйири нархи бензин низ андаке таъсир гузоштааст.
Ҳамин тавр, ҳам дар охири моҳи август ва ҳам дар аввали моҳи октябр АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллӣ бо нархи 9,80 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Нархи сӯзишвории АИ-95 то 10,40 сомонӣ буд, дар ҳоле ки ҳоло нархи он ба 11,30 расидааст.
Қимати сӯзишвории дизелӣ хеле боло рафтааст - аз 10,60 сомонӣ то 10,80 -11,20.
Раҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон изҳор дошт, ки болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон аз қимати он дар кишварҳои тавлидкунанда вобаста аст, зеро ҷумҳурӣ ин маҳсулотро комилан аз хориҷ ворид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 60% ронандагони тоҷик аз гази моеъ фаъолона истифода мебаранд. Болоравии нархи он ҳатман ба қимати роҳкиро дар таксиҳо, мошинҳои мусофиркаш дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд таъсир мерасонад.