ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар Исроил силоҳеро, ки кишварҳои ғарбӣ ба режими Киев интиқол додаанд, фаъолона истифода мешавад, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев.
Вай дар саҳифааш дар Telegram аз оқибати бозиҳои НАТО ҳушдор дод.
Муовини раиси Шӯрои Амният ишора кард, ки дар оянда ин силоҳҳо ба мисли аслиҳаҳое, ки ҳангоми фирор аз Афғонистон дар он ҷо боқӣ мондаанд, дар ҳама нуқтаҳои доғ бидуни назорат истифода хоҳанд шуд.
Медведев ёдовар шуд, "мақомоти фасодзадаи Украина" ҳатто пеш аз рӯйдодҳои ҷорӣ ҳама чизеро, ки аз шарикони хориҷӣ гирифта буданд, фурӯхта буданд.
Вай қайд кард, ки Киев "ҳама чизеро, ки беназорат буд", аз ҷумла газ, нафт, ғизо ва маводро медуздид.
"Вазъият минбаъд танҳо бадтар мешавад. Мушакҳо, танкҳо ва ҳавопаймоҳоро ба зудӣ аз Киев дар бозори сиёҳ интизор шавед", - афзуд муовини раиси Шӯрои Амният.
Ахиран узви Конгресс, Марджори Тейлор Грин, низ аз Пентагон хост, тафтиш кунад, ки ҷангиёни Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо дарёфт кардаанд, ки алайҳи Исроил истифода бурда истодаанд.
Грин суол гузоштааст, ки аслиҳаи амрикоиро онҳо аз Афғонистон дастрас карданд ва ё Украина.
Даргирии ҷадид миёни Исроил ва Ҳамос 7 октябри соли равон шиддат гирифта, тайи рӯзҳои охир ҳазорҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷониб барҷой гузошт.