Лавров: Русия Исроилу Фаластинро ба оташбас даъват мекунад

Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Араб аз Исроилу Фаластин хостаанд, ки ба амалиётҳои ҷангӣ хотима диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар пайи музокирот дар Маскав бо Аҳмад Абулгейт, дабири кулли Иттиҳодияи Араб гуфт, Русия ва ин Созмон аз Исроил ва Фаластин даъват доранд, ки ба амалиётҳои ҷангӣ хотима бахшанд.
"Мо мавқеъи худро дар мавриди қабулнопазирии ҳама гуна хушунат тасдиқ кардем. Ҳам Иттиҳодияи Араб ва ҳам Русия дар баробари, тақрибан назари яксон доранд ва даъват доранд, ки ҳама гуна амалиётҳои ҷангӣ ва хушунат қатъ гардад ва тарафҳо пушти мизи музокирот нишинанд", - гуфт Лавров.
Оқои Лавров таъкид кард, ки Русия зӯроварӣ дар ҳама шакл ва зуҳуротро маҳкум мекунад ва ҳамаи тарафҳоро ба қатъи ҳамагуна амалиёти ҷангӣ даъват мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард.
Тоҷикистониён дар низои Ғазза ва Исроил осеб дидаанд: Шарҳи ВУХ
Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.