Исроил натоиҷи амалиёти якшабаашро эълон кард

Нерӯҳои дифоии Исроил эълон дошт, ки тайи як шаби гузашта садҳо иншооти марбути ду гуруҳи фаластиниро дар навори Ғазза ҳадафи зарба қарор дод.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Беш аз 500 иншооти марбути Ҳамос ва як гурӯҳи дигари фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ" дар навори Ғазза мавриди зарба қарор дода шуд, хабар дод артиши Исроил.
Ба иттилои манбаъ, давоми як шаб ҳавопаймоҳои ҷангӣ, чархболҳои низомӣ ва артиллерия аз ҷумла ҳафт маркази фармондеҳии Ҳамос, як биное, ки афсари баландпояи нерӯҳои дарёии Ҳамос истифода мекард ва як маркази фармондеҳии Ҷиҳоди исломӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Дар баробари ин бар асари зарбаҳои Исроил шумори зиёди биноҳои бисёрошёна дар Ғазза тахриб шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон вазъи Ховари Миёнаро шарҳ дод
Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.