Заминҷунбии даҳшатнок: Шумори қурбониёни зилзила дар Ҳирот аз ду ҳазор нафар гузашт

Ба иттилои ҳукумати феълии Афғонистон дар заминларзаи ахир беш аз нӯҳ ҳазор нафар дар Ҳирот захмӣ ва беш аз ду ҳазор нафар ҷон бохтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тавре раёсати ҳаводиси табиии Афғонистон (таҳти контроли толибон*) мегӯяд, шумори қурбониёни зилзила дар ғарби Афғонистон аз марзи ду ҳазор нафари гузашт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҳукумати феълии Афғонистон мегӯяд шумори қурбониёну осебдидагон соат ба соат афзоиш меёбад.
"Теъдоди талафоти заминларза дар Афғонистони 2053 нафар, 9240 захмӣ, 1329 хонаи осеб дида ё вайрон шудааст", - иттилоъ додааст ин ниҳоди ҳукумати толибон.
Шумори осебдидагон бар асари заминларза дар Афғонистон ба беш аз як ҳазор нафар расид
Ахиран маркази зилзилашиносии Аврупо аз вуқуъи чандини заминларза дар ғарби Афғонистон ба бузургии 6,4 риштер хабар дод.
Бояд қайд кард, ки ҳафтаи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон чанд заминларзаи шадид сурат гирифт. Аксари заминларзаҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шуда буд.
Толибон * — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористии таҳти таҳримҳои созмон милаласт .