ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тафоҳумномаи бародархондагӣ миёни шаҳрҳои Ҳамадони Эрон ва Бухорои Ӯзбекистон ба манзури иртиқои таомулоти фарҳангиву иқтисодӣ имзо шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Устондори Ҳамадони Эрон Алиризо Қосимии Фарзод гуфт, бародархондагии шаҳрҳои Ҳамадону Бухоро бо ҳадафи афзоиши таомулоту табодулоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ ба имзои вузарои умури хориҷаи Эрон ва Ӯзбекистон расид.
Устондори Ҳамадони Эрон қайд кардааст, ки ин тафоҳумнома бо эъзоми ҳайатҳои тиҷории тарафайн ба зудӣ иҷро хоҳад шуд ва бидуни шак дар барқарории муносибот миёни ду тараф дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла бозаргонӣ, гардишгарӣ ва мабоҳиси фарҳангӣ муассир воқеъ хоҳад шуд.
Ҳамадон яке аз мақсадҳои муҳими гардишгарӣ дар ғарби Эрон аст.
Ин устони таърихиву тамаддунии Эрон бо ҷозибаҳои мутанаввеи гардишгарӣ ва тавлидкунандаи саноеъи дастии фохире монанди суфоли Лолаҷин ва мунаббати Малойир, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.