ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Мински Беларус дар доираи иштирок дар Форуми дуюми ректорони Беларус ва Тоҷикистон бо Вазири маорифи Беларус Андрей Иванетс мулоқот намуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои Нақшаи якҷояи амалишавии Шартнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Беларус ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар самти маориф барои солҳои 2023 – 2026, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири маорифи дар ин мулоқот таъкид кард, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи маориф ва илм дар асоси созишномаҳои дуҷониба ба роҳ монда шуда, рӯз то рӯз дар самти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ рушд менамояд.
Вазири маориф таъкид намуд, ки соли гузашта байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус ва Тоҷикистон 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки далели рӯшани рушди ҳамкории дуҷониба аст.
Вазири маорифи Беларус Андрей Иванетс дар навбати худ иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза сабаби вусъат пайдо намудани равобити дуҷонибаи минбаъда мегардад.