Вазири дифои Русия Сергей Шойгу зимни сафари корӣ ба Новосибирск масъулинро вазифадор кард, ки суръати истеҳсол ва таъмири ҳавопаймоҳои ҷангии СУ-34-ро афзоиш диҳад.
Вазир ин ҳавопайморо дар амалиёти вижа "аспи корӣ" номид. Вазир зимни боздид аз корхонаи авиатсионии Новосибирск ба номи Чкалов изҳороти дахлдор дод.
"Сергей Шойгу стансияи озмоишии парвоз ва сехи ҷамъбасти ниҳоии маҳсулоти корхонаро аз назар гузаронд", - хабар медиҳад Вазорати дифоъ.
Ба гуфтаи мудири ин корхона, истеҳсоли ҳавопаймоҳои нав дар ин ҷо бо таъмири куллии он ҳавопаймоҳое, ки муҳлати хизмати худро тамом кардаанд, пайваста мешавад.
Дар ҷараёни боздидаш аз ин корхона, Шойгу ҳамчунин бо раҳбарони ширкат ва тарроҳони ин ширкат имконоти эҷоди маҷмаа бо ҳавопаймоҳои дурпарвозро баррасӣ кардааст.