Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лукашенко: ИМА бо таҳдид Украинаро ба ҳамла тела дода истодааст

Роҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳбарони Киевро дар он айбдор мекунад, ки ҳамлаи ҷавобияшон суст аст, изҳор дошт раисҷумҳури Белорус
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бо таҳдиди қатъи пуштибонӣ ИМА Украинаро ба ҳамлаи ҷавобӣ шитоб дода истодааст, гуфт президенти Белорус, Александр Лукашенко.
Вай дар доираи сафари корӣ ба вилояти Брест бо хабарнигорон суҳбат карда, қайд намуд, ки феълан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико раҳбарияти Украинаро барои ҳамлаи сусти ҷавобӣ сарзаниш мекунад ва паёмҳои якмарон дар ин бора мефиристад.
Ахиран мақомоти ИМА буҷаи муваққатиро қабул карданд, ки аз он бандҳои расонидани кумаки молӣ ба Украина хориҷ карда шуданд, гуфт ӯ.
"Мӯҳтавои ин паём аст, ки бачаҳо, тезтар, дар миқёси васеътар ҳамла кунед ва ҷавонони бештарро ба он ҷо партоед. Паём ҳам не, амали мушаххас барои куштани бештари украиниҳо мебошад", - гуфт Лукашенко.
Зеленский ба поёни нохушоянди ҳамлаи ҷавобии артиши Украина эътироф кард
Президенти Белорус гуфт, нирӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳамлаи ҷавобии худ дармонданд, хатти ҷабҳа дар ҳолати пешин боқӣ мондааст. Ҳозир марҳилаи дуюми амалиётро таҳия доранд, ки то 8 ҳафтаро фаро мегирад, гуфт ӯ.
Президент таъкид кард, ки амрикоиҳо украинҳоро тела медиҳанд, ки шитоб кунанд, зеро ин низоъ эътимоди мақомоти Амрикоро зиёд намекунад ва барояшон ин ҷо як навъ пирӯзӣ лозим аст.
Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин изҳор дошт, ки ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои украинӣ, ки аз моҳи июни соли равон идома дорад, дар ҳеч самте пешрафте наовард.
Вай зикр намуд, ки тайи ин муддат Украина ҳудуди 90 ҳазор низомиро талаф дода, танҳо тонк беш аз 550 адад нобуд карда шуд.