ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Абубакр Шеров дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Португалия дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон сазовори нишони биринҷӣ шуд.
Ҷудокори ҷавон, ки дар вазни то 73 кило зӯрозмоӣ мекард, барои нишони биринҷӣ бар Кейто Киҳараи ҷопонӣ дастболо гардид.
Вай дар роҳ ба сӯи нишонҳои нуқраю тило дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Алмат Адилети қазоқистонӣ шикаст хӯрд. Барои ҷудокори ҷавон ин аввалин медал дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон мебошад.
Вай дар ин роҳ дар даври аввал Руслан Коротичи амрикоӣ, дар даври дуюм Габриел Фалкаои бразилӣ, дар даври сеюм Гергели Адорҷании маҷориро мағлуб карда буд.
Баъди шикаст дар даври чаҳорякниҳоӣ Абубакр, дар даври тасаллобахш Элиот Преве аз Фаронса ва сипас Кейто Киҳараи ҷопониро шикаст дод.
Мақоми аввали сабқатҳо дар ин вазнро Вусал Галандарзода аз Озарбойҷон ва зинаи дуюмро Ҷак Ёнезука аз Амрико соҳиб гардид.
Дар ин вазн ҳамчунин ҷудокори дигари тоҷик, Муҳиддин Асадуллоев ҳунарнамоӣ кард, аммо дар даври сеюм аз Ҷак Ёнезукаи амрикоӣ шикаст хӯрд.