Бонкҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд низоми дастраси интиқоли пулро ташкил намоянд

Дар Қазоқистон ҷаласаи минтақавӣ дар бораи рушди низоми пардохтии бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон ният доранд, як низоми ҷадиди дастраси интиқоли пулро ташкил кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки марказии Ӯзбекистон хабар додааст.
Дар шаҳри Остона ҷаласаи минтақавӣ дар бораи рушди низомҳои пардохтии бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо рушди бахши пардохт ва тамоюлҳои асосиро баррасӣ карданд.
Бонки русӣ интиқоли пул ба Тоҷикистонро бо рақами телефон имконпазир кард
Масъалаҳои ҳамгироии низомҳои пардохти босуръати кишварҳои ширкаткунанда низ баррасӣ шуданд, то дар оянда интиқоли пулии фаромарзӣ дар ин замина амалӣ карда шавад.
Илова бар ин, намояндагони кишварҳо дар бораи таҷрубаҳои худ табодули андеша карданд ва иқдомҳои минбаъдаи густариши ҳамкорӣ ва ҳамкорӣ дар самти рушди инфрасохтори миллии пардохтиро муайян намуданд.