"Росатом" радиатсия дар партовгоҳи хатарноки Табошарро поин овард - видео

Корпоратсияи "Росатом" безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар Табошарро панҷ моҳ пештар аз муҳлати муқарраргардида анҷом дода, вазъи экологиро беҳтар кард
Sputnik
Тамоми партовҳои бузургҳаҷми партовгоҳи радиоактивӣ дар Табошар ба зарфҳои оҳану бетонӣ ҷой дода шуда, пасмондаҳо низ бо қабати ғафсиаш то 1,5-метрӣ рӯйпӯш гардонда шудаанд.
Ин нукта дар ҷамъбасти тарҳи безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Табошар, ки аз ҷониби корпоратсияи "Росатом" амалӣ гардид, хабар дода шуд.
Таъкид шудаст, ки кор 5 моҳ пештар аз муҳлати муқарраргардида амалӣ шуда, муҳити экологии минтақа беҳбуд ёфтааст.
Баландии партовҳо дар пайи корҳои безараргардонӣ аз 65 метри қаблӣ то 35 метр поин оварда шуда, вазъи радиатсионӣ то ҳадди поинтарин тибқи меъёрҳои байналмилалӣ коҳиш дода шудаст, омадааст дар иттилоия.
"Росатом" мехоҳад дар Тоҷикистон нерӯгоҳи барқии атомӣ созад
Корҳои анҷомёфта монеа мешаванд, ки боду борон партову чанги радиоактивиро ба гирду атроф паҳн созанд.
Масъулини тарҳ мегӯянд, қаблан дастрасӣ ба ҳудуди партовгоҳ озод буда, аз ин макон барои сохтмони биноҳо қуму хок мегирифтаанду чорворо мечаронданд.
Таъкид карда шуд, ки феълан ҳудуди партовгоҳ иҳота карда шуда, ворид шудан ба ҳудуди он мамнуъ мебошад.
Рӯйпӯшгардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Табошар дар доираи барномаи байнидавлатии "Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида" амалӣ гардид. Барнома аз ҷониби "Росатом" амалӣ шуда истодааст.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гуристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.