ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар рӯзи 11-уми Бозиҳои Осиёӣ рақобатҳо дар намуди куштии юнонӣ-римӣ сурат гирифт.
Тоҷикистонро, ки дар нахустин рӯз се куштигир: Фирӯз Мирзораҷабов, Асламҷон Азизов ва Суҳроб Абдулҳаев намояндагӣ мекарданд, ҳамаашон дучори шикаст шуданд.
Ба иттилои Федератсияи куштии Тоҷикистон, Фирӯз Мирзораҷабов бо ҳисоби 10-0 аз Катсуаки Эндои ҷопонӣ шикаст хӯрд.
Ҳамзамон дар даври тасаллобахш Фирӯз бо Раззоқ Бейшеекев аз Қирғизистон бо ҳисоби 5 бар 0 ва Асламҷон Азизов бо ҳисоби 8-5 аз қаҳрамони ҷаҳон Шаршанбеков Жоламани қирғиз мағлуб шуданд.
Суҳроб Абдулҳаев бо ҳисоби 9-1 аз Сунил Кумари ҳиндӣ мувоҷеҳи шикаст шуд ва аз идомаи мусобиқа канор монд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзҳои баъдӣ шаш варзишгари дигар: Ватансултон Шакаршоева, Ҳикматулло Воҳидов, Абдулмаҷид Кудиев, Магомет Евлоев, Раҳмонҷон Маҳмадбеков ва Фарҳод Анақулов вориди майдони рақобат мешаванд.
Манбаъ афзуд, ки рақобатҳо аз 4 то 7 октябр баргузор мегарданд.