ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Фонди Оқохон ёдгориҳои асосии меъмории шаҳрҳои Бухоро ва Самарқандро барқарор мекунад.
Ба иттилои ёвари президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева ин масъала дар мулоқот бо роҳбарони Бунёди Оқохон дар бахши фарҳанг баррасӣ гардид.
"Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи созмон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҷалби ин созмон ба барқарорсозии ду ёдгории муҳим – масҷиди Бибихоним дар Самарқанд ва Манораи Калон дар Бухоро дар назар аст", - навиштааст Мирзиёева дар саҳифааш.
Вай таъкид намудааст, ки ин ду ёдгории таърихӣ барои миллат ва тамоми ҷаҳон аҳамияти бузург дошта, он бояд ҳифз дар ҳолати хуб барои наслҳои оянда боқӣ гузошта шавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Бунёди Оқохон яке аз қадимтарин масҷидҳои Афғонистонро бозсозӣ мекунад.
Сухан дар бораи таҳкими таҳкурсии масҷиди асримиёнагии "Бабаҷӣ" дар Ғазна меравад, изҳор доштанд мақомоти маҳаллии Афғонистон.
Таъкид шуда буд, ки ҳоло мутахассисон танҳо биноро аз назар мегузаронанд ва худи кор соли оянда оғоз мешавад.