ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Муштзани тоҷик Миҷгона Самадова, ки дар вазни то 57 кило зӯрозмоӣ мекунад, дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу нишони биринҷӣ гирифт.
Самадова дар даври ниманиҳоӣ бо қаҳрамони Осиё аз Қазоқистон, Карина Иброҳимова зӯрашро санҷид ва бо қарори доварон бо ҳисоби 2:3 бохт. Ҳамин тариқ Иброҳимова ба даври ниҳоӣ рафту Самадова соҳиби нишони биринҷӣ гардид.
Қаблан бонуи муштзани тоҷик бар намояндаи Ветнам – Нгуйен Ҳуен Тран, дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон пирӯз шуда, дар баробари нишони биринҷӣ роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж - 2024 - ро ба даст овард.
Ин дуюмин медали муштзанҳои тоҷик дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу мебошад. Ахиран муштзани дигари тоҷик, Давлат Болтаев барандаи нишони тилои 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу дар вазни то 92 кило шуда, думин тилои ин мусобиқаро барои Тоҷикистон овард.
Нахустин нишони тилоро аз ин мусобиқа ҷудокор Сомон Маҳмадбеков ба даст овард. Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кило нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило нишони биринҷӣ гирифта буданд.
Паҳлавонони тоҷик Ҳақназар Назаров ва Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш медали биринҷӣ ба даст оварданд.