ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон як ҳавопаймои нави бесарнишин бо номи "Камон - 19"-ро муаррифӣ кард, ки бо низоми ҷанги электронӣ муҷаҳҳаз аст.
Дар ин бора хабаргузории IRNA иттилоъ дода, афзуд, ки ҳавопаймои бесарнишини нав аз ҳама озмоишҳо бо муваффақият гузаштааст.
Намояндаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Алиризо Шайх, дар тамрини муштараки нирӯҳои вижаи бесарнишинҳои кишвар гуфт, "Камон - 19" ба сафи қувваҳои мусаллаҳ қабул гардид.
"Он нахустин парвози ҷангӣ анҷом дода, амалиёти ҷангии электрониро бомуваффақият анҷом дода, мавҷҳои радариро пахш кард", - гуфт ӯ.
Дар Эрон машқҳои муштараки воҳидҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини нерӯҳои мусаллаҳ бо манзури тамрини ҷанги электронӣ ва ҳамоҳангсозии амалиёти гурӯҳи ҳавопаймоҳои бесарнишин давом дорад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки чанде аз кишварҳои аврупоӣ ба идораи низомии Эрон дар робита ба дарёфти ҳавопаймоҳои бесарнишини дархост фиристодаанд.
Пештар кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико борҳо аз Теҳрон талаб кардаанд, ки ба ҷониби Русия аслиҳа, бахусус ҳавопаймоҳои бесаринишин, ки гӯё Маскав дар даргириҳо бо Киев истифода мекунад, интиқол надиҳад. Маскав ва Теҳрон ин иддаоро бепоя хонданд.
Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломӣ ба иддаои Ғарб дар мавриди иттиҳомоти бепояи Эрон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ дар мавриди истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эронӣ дар даргириҳои Украина посух дод.