Тасдиқи тағйироти кадрӣ ва созишнома бо Русия дар парлумони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва созишномаҳои байналмилалиро ба тасвиб расонд, ки бархеи онҳо марбути Русия мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Вакилони мардумии Тоҷикистон созишнома бо ҳукумати Русия дар бораи реадмиссияро тасвиб карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҳамчунин протокол оид ба тартиби амалисозии созишномаи мазкур тасдиқ карда шуд.
Дар феҳрасти санадҳои дигари тасдиқшуда, аз ҷумла протоколи тағйиру иловаҳо ба созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ мебошад.
Дар баробари ин созишномаҳо бо Туркманистон, Озарбойҷон ва як қатор қонунҳои дигар тасдиқ шудаанд, ки тафсилоти санадҳои тасвибшударо дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зикр накардааст.
Махфӣ нест: Генерал-полковник силоҳи ҳастаии Русияро кафили амнияти Тоҷикистон низ хонд
Вакилони тоҷик ҳамчунин тағйироти кадриро тасдиқ карданд. Аз ҷумла собиқ раиси шаҳри Бӯстон, Мавсума Муинӣ, ки ахиран ба ҳайси вакил вориди парлумон шуд, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва мудофиа интихоб гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳоди президент дар мавриди тағйироти кадрӣ дар Палатаи ҳисобро тасвиб намуданд.
Бо пешниҳоди раисҷумҳур ва ҷонибдории вакилон, Файзуллозода Холназар Тағоймурод аз мақоми сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бозхонд шуд. Таъйини ӯ ба ин мақом соли 2020 тасдиқ шуда буд.