ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Мақомоти сӯхторнишонии Суғд сабабҳои оташ гирифтани Ҷумъабозори шаҳри Хуҷандро таҳқиқ доранд.
Дар Идораи сӯхторнишонии вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки сӯхтор дар Ҷумъабозор шаби 2-юми октябр тақрибан соати 03:18 дақиқа рух дода, ҳудуди 100 метри мураббаъро фаро гирифтаст. Аз ҷумла якчанд мағоза ба коми оташ рафтаанд.
Сокиноне, ки дар канори ин бозор иқомат мекунанд, изҳор медоранд, ки бар асари алангаи оташ маҳалларо дуд ва бӯй фаро гирифтаст.
Мақомот мегӯянд, ба ҷойи ҳодиса 5 мошини сӯхторнишонии шаҳру навоҳии Хуҷанд ва атрофи он сафарбар шудаст.
"Сӯхторнишонҳо баробари воридоти занги хатар ба маҳалли ҳодиса рафта соати 03:42 сӯхторро иҳота намуда ва соати 04:15 дақиқа алангаи оташро ба пуррагӣ хомӯш намуданд" - таъкид намуд нозири сӯхторнишонӣ.
Ин манбаъ мегӯяд, бо мадади оташнишонҳо иморату иншооти атрофи бозор ба маблағи беш аз 3 млн сомонӣ аз коми оташ наҷот дода шудаанд.
Ҷумъабозор яке аз бозорҳои бузурги фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Идораи сӯхторнишонӣ ҳоло сабаб ва зарари расида аз сӯхтор дар Ҷумъабозорро таҳқиқ доранд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳр сӯхтор сар зада буд.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 290 ҳодисаи сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамасола аз ҳисоби рӯхдоди чунин ҳодисаҳои нохуш даҳҳо млн сомонии иморату иншоот ба коми оташ мераванд.